Дар ин бора тарҳи "Система" бо истинод ба санаде иттилоъ додааст, ки дар мулоқотҳои пӯшидаи намояндагони ду кишвар ба имзо расидааст. Ба гузориши “Система”, яке аз ин мулоқотҳои пӯшида моҳи июни соли 2017 дар ҷараёни сафари президенти Чин Си Ҷинпин ба шаҳри Москваи Русия баргузор шуда буд.
Ҷониби Русия ба "механизмҳои иҷозатдиҳӣ ва фаъолияти назоратӣ"-и мақомоти Чин дар робита ба расонаҳо ва блогерҳо, ҳамчунин тарҳи умумии "Сипари тиллоӣ"-и чинӣ, ки бо он давлат трафики Интернетро сензура мекунад, таваҷҷуҳ намудаанд.
Раҳбарияти "Роскомнадзор" ва Маъмурияти киберии Чин 17 июли соли 2019 низ мулоқоти пӯшидаеро анҷом додаанд. Ҷониби Русия дар пасманзари талошҳои нокоми худ барои бастани паёмакрасони "Telegram" таваҷҷӯҳ кардааст, ки оё Чин барои муайян ва бастани "муҳтавои мамнӯъ" аз зеҳни сунъӣ истифода мекунад ё не. Ҷонибҳо моҳи октябри соли 2019 дар бораи мубориза бо иттилооти мамнуъ дар Интернет созишнома имзо карданд. "Система" ҳадди аққал дар бораи се ҳолате иттилоъ дорад, ки мақомоти Русия муҳтавоҳоро бо дархости ҳамтоёни чинии худ масдуд кардаанд.
Расонаҳо пас аз сафари президенти Чин ба Русия дар моҳи марти соли 2023 хабар доданд, ки гурӯҳи 41-нафарии мутахассисони соҳаи киберӣ ба Москва рафтаанд. Ба иттилои ВАО, коршиносони Чин дар якҷоягӣ бо ҳамтоёни руси худ "харитаи роҳро барои бастани пурраи YouTube" таҳия мекунанд.