Ссылки доступа

Русия минтақаҳои Украинаро мушакборон кард


Киев, 15 ноября 2022 года

Русия рӯзи 15 ноябр ҳадди ақал ба 12 минтақаи Украина мушак партофт. Зерсохторҳои муҳим мушакборон шуда, дар Украина неруи барқ ба таври густарда қатъ гардидааст.

Низоми зиддимушакии Украина дар шаҳри Киев чаҳор мушаки Русияро суқут дод. Дар натиҷаи мушакборон ду манзили истиқоматӣ дар шаҳри Киев осеб дидааст. Дар ин бора раиси шаҳри Киев Виталий Клично хабар дод. Нисфе аз сокинони шаҳр бебарқ мондаанд. Дар бораи марги як сокин хабар дода мешавад.

Раиси шаҳри Лвов Андрей Садовий хабар дод, ки дар шаҳр садои таркиш шунида мешавад ва қисме аз манзилҳо бе неруи барқ мондаанд.

Дар Харков низ чанде аз иншоот тахриб шуда, вилоятҳои Волинск, Виннитск, Днепропетровск, Житомир, Оддеса, Кировоград, Полтавка, Ровенск ва Хмелнитск низ мушакборон гардидаанд.

Андрей Ермак, раиси дастгоҳи президенти Украина гуфт, ки Москва "танҳо ҳаҷми ҷуброни ҷангии худро афзоиш медиҳад".

Владимир Зеленский, президенти Украина гуфт, дар ҳашт моҳи ҷанг Русия ба Украина 4,5 ҳазор мушак партоб кардааст.

XS
SM
MD
LG