Ссылки доступа

Русия маълумоти 85 ҳазор касро ба Қирғизистон додааст, ки дар пайгард қарор доранд


Иллюстративное фото
Иллюстративное фото

Қирғизистон шуруъ аз 2 июн низоми шинохти чеҳраҳоеро ба роҳ монд, ки дар кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ҷустуҷӯ мешаванд. Мақомоти Русия барои ин низом маълумоти бештар аз 85 ҳазор касеро ирсол кардаанд, ки дар пайгард қарор доранд.

Ба иттилои вазорати корҳои дохилии Қирғизистон, дар даҳ рӯзи фаъолияти низоми мазкур тавассути дурбинҳои назоратие, ки қобилияти ташхиси чеҳраро доранд, 57 кас шиносоӣ ва ба пулис даъват шудааст.

Чаҳор тан аз онҳо шаҳрвандони Русия ва Узбекистон ҳастанд, ки боздошт шудаанд. Миёни онҳо гумонбарони сӯиқасд ба куштор, ҷиноятҳои марбут ба тундгароӣ, авбошӣ ва тақаллуби аснод мавҷуд аст.

Номи русиягиҳои боздоштшуда аз сӯи мақомоти Қирғизистон ошкор нашудааст. Аммо расонаҳо аз боздошти ҳадди ақал се фаъоли русиягӣ дар шаҳри Бишкек дар чанд рӯзи ахир хабар медиҳанд.

XS
SM
MD
LG