Ссылки доступа

Нозирони "Сахарово" аз наздикони боздоштшудаҳо пул мегирифтаанд


Кумитаи тафтишоти Русия санҷиши фаъолияти боздоштгоҳи “Сахарово”, ки дар канори Маскав қарор дорад, оғоз кардааст.

Юлия Иванова, намояндаи кумита гуфтааст, ки дар доираи парвандаи ҷиноӣ оид ба қаллобӣ корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Як манбаъ ба хабаргузории РБК иттилоъ додааст, ки кормандони "Сахарово" бо талаби маблағ ба хешовандони муҳоҷироне, ки дар он ҷо қарор доштанд, дидор ва ихроҷи онҳоро ба ватан ваъда медодаанд.

Ба навиштаи телеграм-канали Shot сухан дар бораи ду нозири 33-сола ва 58-солаи марказ меравад, ки шаҳрвандони хориҷиро ҳуҷҷатгузорӣ мекарданд. Телеграм-канали дигари русӣ - "112" навиштааст, нозирони марказ барои як вохурӣ панҷ ҳазор рубл ва барои фиристодан ба ватан 30 ҳазор рубл талаб мекардаанд. Феълан гумонбарон бозпурсӣ мешаванд.

Дар боздоштгоҳи “Сахарово” дар Маскав, муҳоҷироне нигаҳдорӣ мешаванд, ки барои вайрон кардани қонунгузории будубоши Русия боздошт ва ба ватан бояд ихроҷ шаванд. Бештари муҳоҷирон шикоят мекарданд, ки дар ин марказ таҳқиру шиканҷа шуда, ҳатто аз кортҳои бонкияшон пулҳо гум мешуданд.

Намояндагони консулгарии Тоҷикистон дар Русия моҳи июли имсол гуфта буданд, ки феълан дар “Сахарово” 136 шаҳрванди кишвар нигаҳдорӣ мешаванд. Дар миёни онҳо занон низ ҳастанд

XS
SM
MD
LG