Дар ин навор, ки маълум нест, таҳти чӣ шароит сабт шудааст, Далерҷон Мирзоев, Фаридуни Шамсиддин, Саидакрам Раҷабализода ва Муҳаммадсобир Файзов бо забони русӣ танҳо як гапро такрор мекунанд.
Онҳо мегӯянд, Сайфулло ном шахс барояшон ваъда додааст, ки баъди ҳамла ба “Крокус Сити Ҳол” ба тарафи Украина гузаранд ва барои ҳар яке аз онҳо як миллион рублӣ дода хоҳад шуд.
Пештар гумонбар Фаридуни Шамсиддин, яке аз гумонбарон, ҳангоми боздошт гуфта буд, ки ёвари як рӯҳонӣ дар Телеграм бар ивази ҳамла ба "Крокус" 500 ҳазор рубл ваъда дода буд.
Дар навор дидан мумкин аст, ки ҳеч яке аз гумонбарон ба дурбин нигоҳ намекунанд ва калима ба калима мегӯянд, ки Сайфулло ба онҳо ваъда додааст, барои ба тарафи Украина гузаштан ба онҳо мадад мерасонад. Аммо Сайфулло кист ва чаро дар оғоз номаш набуд, маълум нест.
Бо вуҷуди он ки гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ масъулияти ҳамларо ба маҷмааи “Крокус Сити Ҳол” ба уҳда гирифт, мақомоти Русия талош доранд онро ба дӯши Украина бор кунанд. Киев ҳар гуна даст доштанашро дар ҳамла қатъан рад кардааст.
Ҳамлаи маргбор ба "Крокус Сити Ҳолл" дар шаби 22-юми март сурат гирифт. Мақомоти Русия гуфтанд, дар ин ҳодиса 144 нафар ҷон бохта, беш аз 500 кас осеб диданд.
Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт, вале баъзе аз мансабдорони Русия ангушти иттиҳомро ба тарафи Украина дароз карданд. Киев даст доштанашро дар ҳодиса инкор кард.
Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав то кунун ёздаҳ нафарро ба гумони даст доштан дар ҳамла ба “Крокус Сити” ба ҳабс гирифт. Даҳ нафари онҳо аз Тоҷикистон ҳастанд ва як нафар аз Қирғизистон. Се нафари онҳо ба зидди қарори додгоҳ шикоят карда, худро расман бегуноҳ донистанд.
Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, пас аз ҳамла санҷишу боздошт ва ихроҷ афзуда, муносибати мардуму корфармоён бо онҳо дар Русия тағйир ёфтааст. Бо гузашти беш аз ду ҳафта аз ҳодиса мақомоти Тоҷикистон боздошти шаҳрвандон ва вазъи муҳоҷиронро дар Русия шарҳ намедиҳанд.