Ссылки доступа

Додгоҳе дар Русия шаш хонаи Гулнора Каримоваро мусодира кард


Гульнара Каримова
Гульнара Каримова

Додгоҳе дар Русия шаш хонаи марбут ба Гулнора Каримова - духтари президенти пешини Узбекистон Ислом Каримовро мусодира кард.

Муовини вазири адлияи Узбекистон Музраф Икромов гуфт, ки Русияву Узбекистон даромад аз фурӯши ин хонаҳоро баробар тақсим мекунанд.

Вазорати адлияи Узбекистон дар соли 2020 хабар дода буд, ки дар якҷоягӣ бо Додситонии кулли он кишвар ба "баргардонии дороиҳои Гулнора Каримова дар ҳаҷми 1,3 млрд доллар" шуруъ кардааст. Ба иттилои мақомоти Узбекистон, дар суратҳисобҳои Каримова дар Русия 6 млн доллар мавҷуд аст. Ҳамчунин Каримова, дар Москва як хона дар маҷмаи истиқоматии "Камелот", як хонаи заминӣ дар минтақаи "Рублевка" ва ҳашт хонаи дигар дар баландошёнаҳои Москва дорад. Ба илова дар Ялта вай меҳмонхона, хонаи истиқоматӣ ва қитъаи замин дорад, ки арзиши ҳамаи он бештар аз 2 млн долларро ташкил медиҳад.

Узбекистон талош дорад, дороиҳои Каримоваро аз кишварҳои аврупоӣ низ баргардонад. Мақомоти Узбекистон то ин замон ба баргардонии қисме аз онҳо муваффақ шудаанд.

XS
SM
MD
LG