Ссылки доступа

Дар посух ба боздошти консули ҷопон дар Русия, сафири Русияро ба вазорати корҳои хориҷии Ҷопон даъват карданд


Министр иностранных дел Японии Хаяси Ёсимаса
Министр иностранных дел Японии Хаяси Ёсимаса

Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон сафири Русия дар он кишвар Михаил Гулизинро ба вазорат даъват кард. Ба сафир эътирози Ҷопон дар робита ба боздошти консули ин кишвар дар Владивостоки Русия расонида шуд. Хадамоти амниятии Русия рӯзи якшанбе консули Ҷопонро бо гумони ҷосусӣ боздошт кард.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон аз Русия талаб кардааст, ки дар робита ба боздошти консул Мотоки Татсунорӣ узрхоҳии расмӣ кунад. Вазири Ҷопон гуфт, дипломат ҷинояте содир накардааст.

Хадамоти амнияти федеролии Русия ё ФСБ рӯзи якшанбе аз боздошти консули Ҷопон хабар дод. ФСБ гуфт, Татсунорӣ дар ивази маблағ маълумоти махфиеро дар бораи робитаҳои Русия бо кишварҳои дигар ва таъсири таҳримҳо ба иқтисоди Русия дарёфт кардааст. Хадамоти матбуотии ФСБ навореро нашр кард, ки дипломат дар қаҳвахонае ҳуҷҷатҳоеро дарёфт мекунад ва баъди боздошт ба амалҳои ғайриқонунии худ иқрор менамояд.

Татсунорӣ "персона нон грата" эълом ва ба тарки Русия вазифадор шудааст. Эҳтимол меравад, Ҷопон ҳам як дипломати Русияро ихроҷ кунад.

Муносибатҳои Москва ва Токио ба бадтарин сатҳ расидаанд. Баъди ҳамлаи Русия ба Украина Ҷопон ба таҳримҳои Ғарб нисбати Русия пайваст.

XS
SM
MD
LG