Дар федератсия гуфтанд, ки ин қарор бо назардошти амнияти хоккейбозҳо, намояндагони расмӣ, расонаҳо ва мухлисон гирифта шудааст.
Макони нави баргузории мусобиқот дертар маълум мешавад.
Федератсия қаблан иштироки Русия ва Белорусро дар мусобиқаҳои байналмилалии хоккей манъ карда буд. Пештар низ Русия аз ҳаққи баргузор кардани чемпионати ҷаҳонии ҷавонон дар соли 2023 маҳрум шуда буд.