Вай гуфт, тобистони ҷорӣ дастаҳои донишҷӯёни Русия дар барқарорсозии зерсохторҳои Мариупол иштирок мекунанд. "Ин тобистон имкониятҳои навро барои шумо фароҳам меорад. Бовар дорам, шумо аз уҳдаи вазифаҳои дар пешатон гузошташуда мебароед", - гуфт Голикова дар муроҷиат ба донишҷӯён.
Вай илова кард, донишҷӯёни Русия то ин замон барои барқарории маҷмаи "Саур-Могила" дар вилояти Донетск ҷалб шудаанд. Ин маҷмаа дар натиҷаи амалиёти низомӣ тахриб шуда буд.
Мариупол моҳи майи соли 2022 аз сӯи артиши Русия ғасб шуд. Владимир Зеленский, президенти Украина гуфта буд, ки 95 дарсади биноҳои шаҳр тахриб шудааст. Ба гуфтаи вай, "Мариупол на танҳо яке аз калонтарин шаҳрҳои Украина, балки Аврупо аст".