Ссылки доступа

Бонки марказии Узбекистон “фишор”-и рубл ба сӯмро рад кард


Бонки марказии Узбекистон нигарониҳо дар бораи онро ки гӯиё таҳримҳои Ғарб боис шудааст, то ба ин кишвар рубли русӣ бештар ворид ва доллари амрикоӣ берун бурда шавад, беасос хонд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Узбекистон моҳҳои ахир аз афзоиши воридоти рубли русӣ ба ин кишвар ва берун бурдани доллар изҳорӣ нигаронӣ мекунанд.

Аммо Бонки марказии Узбекистон нигарониҳоро беасос хонда, гуфтааст, шаш моҳи аввали имсол 199 миллион доллар интиқоли фаромарзӣ бо рубл фиристода шуда, 87 дарсади он бо сӯм ворид шудааст.

Ба иттилои бонк, дар бозори дохилии Узбекистон 5,6 миллиард доллар асъори хориҷӣ фурӯхта шудааст ва рақам маънои онро дорад, ки роҳҳои ғайрирасмии интиқоли пул коҳиш меёбад. Зеро маҳдудиятҳо дар Русия муҳоҷиронро ба интиқоли пули нақд тавассути роҳҳои расмӣ ташвиқ мекунанд.

Бонки марказии Узбекистон мегӯяд, ҳаҷми интиқол пул ба ин кишвар ба таври назаррас афзоиш ёфтааст ва ҳудуди 95 дарсади ин пулҳо аз Русия фиристода мешаванд.

XS
SM
MD
LG