Вазорати корҳои хориҷии Олмон рӯзи душанбе аз шаҳрвандони кишвари худ, ки дар Лубнон қарор доранд, даъват кард, то он кишварро фавран тарк кунанд. "Deutsche Welle" иттилоъ дод, ки дар рӯйхати буҳронии вазорат номи наздик ба 1300 шаҳрванди Олмон дарҷ шудааст.
Мақомоти Итолиё, Норвегия ва Баҳрайн низ ахиран аз шаҳрвандони худ даъват карданд, ки Лубнонро тарк кунанд.
Ин даъватҳо дар робита ба шадидтар шудани низоъ миёни неруҳои Исроил ва гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон сурат мегиранд.
Ҳамчунин як қатор ширкатҳои ҳавопаймоӣ эълом карданд, ки парвозҳои худро ба Лубнон қатъ кардаанд.
Исроил иддао дорад, ки "Ҳизбуллоҳ" 27-уми июл ба шаҳри Маҷдал Шамс дар Баландиҳои Ҷулон, минтақаи зери назорати он кишвар ҳамла кардааст. "Ҳизбуллоҳ" даст доштанашро дар ин ҳамла рад кард. Дар натиҷаи ҳамла 12 кудаку наврас кушта шудааст.