Ссылки доступа

Аз ибтидои ҳамлаи Русия ба Украина 483 кӯдак кушта шудааст


Похороны двух детей, которые погибли в результате российского ракетного удара, Умань, 30 апреля 2023 года
Похороны двух детей, которые погибли в результате российского ракетного удара, Умань, 30 апреля 2023 года

Аз ибтидои ҳамлаи Русия ба Украина 483 кӯдак кушта, 989 кӯдаки дигар ҷароҳат бардоштааст. Дар ин бора Додситонии кулли Украина хабар медиҳад.

Теъдоди бештари ин кӯдакон аз вилоятҳои Донетск, Харков ва Херсон будаанд.

"Ин рақамҳо ниҳоӣ нестанд. Барои муайян кардани теъдоди воқеии рақамҳо корҳо идома доранд", - омадааст дар хабари додситонӣ.

СММ хабар медиҳад, ки аз 24 феврали соли 2022 то 8 майи соли 2023 дар Украина 8791 сокини осоишта кушат, 14 815 тани дигар ҷароҳат бардоштааст. Дар СММ гуфтанд, теъдоди воқеии куштаву маҷруҳон метавонад, ба маротиб бештар бошад.

XS
SM
MD
LG