Ссылки доступа

Санду: Русия мехоҳад, ҳукуматро дар Молдова иваз кунад


Майя Санду
Майя Санду

Президенти Молдова Майя Санду гуфтааст, Русия мехоҳад ҳукуматро дар ин кишвар иваз намуда, дар Кишинёв "сарсупурдаҳо"-и худро сари қудрат биорад.

Санду рӯзи душанбе дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Кишинёв ҷузъиёти нақшаи Русияро барои ноором кардани вазъ дар Молдова ошкор кардааст. Ӯ афзуда, ки ин нақшаро Хадамоти махсуси Украина ҳафтаи гузашта дар ихтиёри мақомоти Молдова гузоштааст.

Президенти Молдова мегӯяд, тибқи нақша, ҷонибдорони Русия зери чатри эътирозҳои неруҳои мухолиф ба бинои ниҳодҳои давлатӣ ҳамла карда, бояд одамонро гаравгон гиранд ва ба ин кор афроди тамриндида аз хориҷ, аз ҷумла аз Русия, Белорус, Сербистон ва Черногория низ ҷалб шуда, аз дохил неруҳое кумак мекардаанд.

Ба назари Санду, ҳадафи Русия боздоштани ҳамгироии аврупоӣ ва истифодаи Молдова дар ҷанг зидди Украина аст. Москва изҳороти президенти Молдоваро то ҳол шарҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG