Ссылки доступа

Узбекистон обанбори рахнашудаашро хурдтар кард


Мақомоти расмии Қазоқистон мегӯянд, Узбекистон мехоҳад, ҳаҷми обро дар обанборе, ки ду сол пеш садди он рахна шуда буд, се баробар камтар кунад.

Муовини вазири экология, геология ва захираҳои маъдании Қазоқистон Серик Кожаниёзов гуфт, Узбекистон ҳаҷми обро дар обанбори мазкур баъди фоҷеаи 2020 то ба 600 миллион метри мукааб камтар карданист.

Ҳаҷми оби обанбор пеш аз рахна шудани садди он 930 миллион метри мукааб буд. Ба гуфтаи Қожаниёзов, имсол дар "Сардоба" 350 миллион метри мукааб об ҷамъ шудааст.

Қожаниёзов мегӯяд, Узбакистон сохтмони обанбори Сардобаро бо Қазоқистон ҳамоҳанг накардааст. Аммо баъди рахнашавии садди "Сардоба" мутахассисони қазоқ аз обанбор дидан карда, бо нақшаи бозсозии он шинос шуданд.

Дар натиҷаи тахриби садди обанбори Сардобин дар Узбекистон шаби 1 майи соли 2020 2570 манзили хусусӣ ва 76 бинои бисёрошна зиён дид.

XS
SM
MD
LG