Ссылки доступа

"Фишорҳо ба рӯзноманигорони узбек дар арафаи интихобот афзудааст"


Таҳқиқоти рӯзноманигорие, ки ҷузъиёти иштироки намояндагони Узбекистонро дар Бозиҳои олимпии Париж ошкор кард, аз сомонаи “Qalampir.uz” ҳазф шудааст.

Дар ин матлаб, ки 27 август нашр гашт, гуфта мешуд, масъулон ҳангоми харҷи пулҳои ҷудошуда аз буҷаи давлат ба фасодкорӣ, исрофкорӣ ва хешутаборбозӣ даст задаанд. Аммо гузориши видеоӣ баъди се соати нашр аз шабакаи Ютуб ҳазф гашт.

Ба гуфтаи рӯзноманигорон, масъулони Кумитаи олимпии Узбекистон аз ҳисоби пулҳои буҷа ба пойтахти Фаронса сафар карда, дар меҳмонхонаҳои бошукуҳ ва гаронарзиши Париж истодаанд.

Як рӯзноманигори “Qalampir.uz” ба шарти ифшо нашудани номаш гуфтааст, матлаб баъди эътирози дастгоҳи президенти Узбекистон ҳазф карда шуд.

“Тавсия шудааст, ки пеш аз Рӯзи истиқлол ва интихоботи порлумонӣ “маводи манфӣ” чоп карда нашавад”, - изҳор доштааст рӯзноманигор.

Расонаи “Газета.uz” низ, ки таҳқиқоти рӯзноманигориро бознашр карда буд, онро ҳазф кардааст.

XS
SM
MD
LG