Ссылки доступа

Аргентина ва Месси қаҳрамони ҷаҳон шуданд


Дастаи мунтахаби Аргентина, ки дар бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар тими миллии Фаронсаро аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4:2 (замони асосӣ 2:2, замони изофа – 3:3) шикаст дод, бори сеюм ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт.

Бозии ниҳоӣ шаби якшанбеи 18-уми декабр дар варзишгоҳи “Лусаил Айконик”-и шаҳри Лусаили Қатар бо ҳузури беш аз 90 ҳазор тамошобин баргузор шуд. Бозиро ҳакамон бо сарварии Шимон Мартсиняки лаҳистонӣ доварӣ карданд.

Нимаи аввали дидор бо бартарии аргентиниҳо сурат гирифт, онҳо бо сарварии ҳамлагар Лионел Месси пайваста ҳуҷум мекарданд. Дар натиҷа ба футболозони кишвари Амрикои Лотинӣ муяссар шуд, ки ду гол ба самар расонанд.

Сардовари бозӣ Мартсиняк барои он ки бозигари фаронсавиҳо Дембеле дар ҷаримагоҳ Ангел Ди Марияро афтонд, пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метрӣ таъйин кард. Тӯбро дар дақиқаи 23-юм Месси ба нишон расонд. Баъдан ҳуҷуми ҷавобии аргентиниҳо боз бо гол анҷомид. Тӯбро дар дақиқаи 36-ум Ангел Ди Мария аз масофаи наздик ба дарвоза ворид кард. Дастаҳо бо ҳисоби 2:0 ба нафъи мунтахаби Аргентина ба танаффус баромаданд.

Нимаи дуюми бозӣ тамоман ранги дигар гирифт. Фаронсавиҳо, ки хеле фаъол шуданд, тавонистанд ба дарвозаи аргентиниҳо ду гол зада, ҳисобро баробар намоянд. Ҳамлагар Килиан Мбаппе дар дақиқаи 80-ум аз пеналти ҳисобро тағйир дод. Баъди як дақиқа ӯ голи дуюмро ба самар расонд. Ҳисоб баробар шуд – 2:2. Ба замони асосии бозӣ ҳашт дақиқа илова гардид, аммо ҳисоб тағйир наёфт.

Бар асоси дастури мусобиқот 30 дақиқа замони изофа (ду қисми 15-дақиқаӣ) таъйин шуд. Дар дақиқаи 108-ум Месси боз дастаашро ба пеш баровард – 3:2. Баъди даҳ дақиқа ба Мбаппе муяссар шуд, ки аз пеналти ҳисобро баробар намояд – 3:3. Мбаппе бо се голи дар ин бозӣ задааш хет-трик кард.

Дастаи ғолиб – қаҳрамони нави ҷаҳон аз рӯи силсилаи пеналти муайян шуд. Ҳарчор зарбаи аргентиниҳо (аввалинашро Месси зад) ба нишон расид, вале фаронсавиҳо танҳо ду гол заданд (аввалинашро Мбаппе бе хато зад). Ҳамин тариқ, мунтахаби Аргентина аз рӯи силсилаи пеналти бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуд.

Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022:

Финал

Аргентина – Фаронса – 3:3, аз рӯи пеналти – 4:2.

Голҳо: Лионел Месси, 23 – аз пеналти (1:0), Ангел Ди Мария, 36 (2:0), Килиан Мбаппе, 80 (2:1), Килиан Мбаппе, 81 (2:2). Лионел Месси, 108 (3:2), Килиан Мбаппе, 118 - аз пеналти (3:3).​

Ҳайатҳои ибтидоии дастаҳо:

АРГЕНТИНА: Э. Мартинес, Молина, Ромеро, Отаменди, Акуня, Ди Мария, Де Паул, Э. Фернандес, Мак Аллистер, Месси, Алварес.

ФАРОНСА: Лорис, Юпамекано, Варан, Т. Эрнандес, Кунде, Тчуамени, Рабйо, Гризманн, Жиру, Дембеле, Мбаппе.

Сардовар: Шимон Мартсиняк (Лаҳистон).

18-уми декабр. Лусаил. Варзишгоҳи “Лусаил Айконик”.

Ба ин тартиб, мунтахаби Аргентина, ки бори шашум дар финали қаҳрамонии ҷаҳон бозӣ кард, се бор – солҳои 1978, 1986 ва 2022 - Ҷоми ҷаҳонӣ ва медалҳои тилои мусобиқотро ба даст овардааст. Дар муваффақияти имсолаи дастаи мунтахаб саҳми сармураббӣ Лионел Скалони бузург аст.

Мунтахаби Фаронса бо роҳбарии сармураббӣ Дидйе Дешам ҳарчанд кӯшиши зиёд кард, натавонист унвони қаҳрамони ҷаҳонро нигоҳ дорад. Қаблан фаронсавиҳо солҳои 1998 ва 2018 Ҷоми ҷаҳониро соҳиб шуда буданд.

Ба дастаи Аргентина, ки дар финали Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар ғолиб шуд, Ҷоми қаҳрамонӣ, медалҳои тило ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 42 миллион доллари ИМА тақдим гардид. Ба дастаи Фаронса, ки ҷойи дуюмро гирифт, медалҳои нуқра ва 30 миллион доллар сурпурда шуд.

Ба дастаи мунтахаби Хорватия, ки 17-уми декабр дар бозӣ барои ҷойи сеюм дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар тими миллии Марокашро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, медалҳои биринҷӣ ва 27 миллион доллар тақдим гардид. Марокашиҳо барои ҷойи чаҳорум 25 миллион доллар гирифтанд.

Дастаи мунтахаби Хорватия бо роҳбарии сармураббӣ Златко Далич дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар бори дуюм дар таърихи худ барандаи медалҳои биринҷии мусобиқот гардид. Аз ин пеш хорватҳо дар қаҳрамонии ҷаҳон соли 2018 медалҳои нуқра ва соли 1998 медалҳои биринҷии мусобиқотро ба даст оварда буданд.

Мунтахаби Марокаш бошад, бо роҳбарии Валид Реграгӣ дар Ҷоми ҷаҳонӣ дар Қатар ҷойи чаҳорумро соҳиб шуд, ки ин натиҷа дастоварди бузургест барои ҳам марокашиҳо ва ҳам футболи қораи Африқо. Зеро дар таърихи қаҳрамонии ҷаҳон Марокаш ягона тими миллӣ аз ин қора аст, ки бори аввал ба нимфинал баромада, ҳамчунин барои медалҳои биринҷии мусобиқот талош кард. Ин дастаро метавон бозёфти Ҷоми ҷаҳонӣ номид, ки ба он на танҳо дар Марокашу қораи Африқо ва кишварҳои арабӣ, балки дар тамоми ҷаҳон миллионҳо ҳаводорони футбол мухлисӣ карданд.

Дар рӯйхати беҳтарин нишозанҳои қаҳрамонии ҷаҳон дар Қатар ҳамлагари мунтахаби Фаронса Килиан Мбаппе бо 8 голи задааш, ки дутоаш аз пеналти мебошад, мақоми аввалро касб намуд.

Аргентинӣ Лионел Месси 7 гол задааст, ки 4-тоаш аз пеналти мебошад. Ӯ дар ҷойи дуюм қарор гирифт. Хулиан Алвареси аргентинӣ ва Оливйе Жируи фаронсавӣ бо чаҳорголӣ мутаносибан ҷойҳои сеюму чаҳорумро касб карданд.

Дарвоқеъ, ҳамлагари 35-сола Лионел Месси, ки дар муддати фаъолияти варзишиаш ба дастовардҳои бузург мушарраф шудааст, аввалин бор ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт.

Ҳамин тариқ, Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар, ки бо ширкати 32 дастаи мунтахаб 20-уми ноябр шуруъ шуда буд, 18-уми декабр ба поён расид. Ҳамаи 64 бозӣ доир гардид. Ҳисоби бузургтарин дар мусобиқоти имсола дар бозии марҳилаи гурӯҳӣ миёни дастаҳои Испания ва Коста-Рика (7:0) мушоҳида шуд.

XS
SM
MD
LG