Ссылки доступа

14 кудаки бесаробони узбекро аз Русия ба ватан оварданд


Узбекистон 14 шаҳрванди ноболиғи бесаробони худро аз Русия ба ватан баргардонидааст.

Оҷонси миллии ҳифзи иҷтимоии Узбекистон хабар дод, ки кудакон 1 сентябр аз шаҳри Санкт-Петербург баргардонида шуданд.

Сабаби бесаробон мондани ин 14 кудаки узбекистонӣ дар Русия гуфта нашудааст.

Қаблан Ваколатдори ҳуқуқи кудаки Узбекистон дар бораи баргардонидани 22 кудаки бесаробон аз Русия хабар дода буд.

XS
SM
MD
LG