Ссылки доступа

Дар Ҷопон хонаводаҳо барои кӯчидан аз Токио миллион иен дарёфт мекунанд


Мақомоти Ҷопон ба ҳар як кӯдаки хонаводае, ки аз минтақаи сераҳолитарини шаҳри Токио, пойтахти ин кишвар ба ҷои дигар кӯч мебандад, то як миллион иен (тақрибан 560 ҳазор рубл) пардохт хоҳанд кард.

Ин иқдом ба хотири кам кардани аҳолии пойтахти Ҷопон ва рушди минтақаҳои камаҳолитарин гирифта шудааст.

Хонаводаи ҷопонӣ барои дарёфти ин ҷуброн бояд ба хориҷ аз Токио ё минтақаи куҳистони он кӯч банданд ва ҳадди ақал панҷ сол дар онҷо зиндагӣ кунанд. Хонаводае, ки дар минтақаи нав аз панҷ сол камтар зиндагӣ кунад, пулро бармегардонад.

Ҳукумати Ҷопон бар ин аст, ки то соли 2027 тақрибан 10 000 нафар аз Токио ба деҳаҳо мекӯчанд.

XS
SM
MD
LG