Ссылки доступа

Дар Қазоқистон ҷазо барои хушунати хонаводагӣ сангинтар шуд


Вакилони Сенат, палатаи болоии Қазоқистон қонунҳоеро, ки хушунати хонаводагиро ҷиноят ҳисобида, барои кудакозорӣ ё худ педофилия ҳабси якумрӣ пешбинӣ мекунанд, қабул карданд.

Бахши қазоқии Радиои Озодӣ иттилоъ дода, ки қонунҳои қабулшуда барои ҳамагуна хушунат нисбат ба кудакон ҷазои сангинтар пешбинӣ мекунанд.

Палатаи поёнии порлумони Қазоқистон 28 феврали имсол лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонунҳоро қабул карда буд.

Тибқи тағйиру иловаҳо, барои кудакозорӣ ва куштори кудакон ҳабси якумрӣ пешбинӣ шуда, ҷазо барои расонидани зарари сабук, миёна, вазнин ба саломатӣ ва шиканҷа сахтар гаштааст.

Дар қонун барои қасдан расонидани зарари сабук ба саломатӣ ҷарима дар ҳаҷми то 164 доллар, то 200 соат корҳои ҷамъиятӣ ва ё то 50 рӯз ҳабси маъмурӣ пешбинӣ карда шудааст.

Хушунати хонаводагӣ яке аз мушкилоти умдаи ҷомеаи Қазоқистон ба ҳисоб меравад. Бино ба оморҳои расмӣ, бисёре аз занон дар Қазоқистон аз сӯи ҳамсарон ва ё ҳамхонаҳои худ хушунат мебинанд. Пулиси он кишвар ҳамасола бештар аз 100 ҳазор шикоят аз хушунат нисбати занон дарёфт мекунанд.

XS
SM
MD
LG