Ссылки доступа

Корфармоёни Сербистон муҳоҷирони узбекро ба ватан баргардондаанд (видео)


Бештари муҳоҷирони Узбекистон, ки барои кор дар саҳро ба Сербистон рафта буданд, аз ҷониби корфармоён ба ватан баргардонида шудаанд.

Ин муҳоҷирон аз нақзи бандҳои қарордоди кории худ шикоят кардаанд.

Намояндагони Оҷонси муҳоҷирати меҳнатии хориҷии Узбекистон, ки шаҳрвандони худро барои кор ба Сербистон фиристодааст, гуфтанд, дар ҳоли ҳозир ин масъаларо меомӯзанд.

Муҳоҷирон гуфтаанд, корфармоёни сербистонӣ бе сабаб қарордоди корӣ бо онҳоро яктарафа бекор кардаанд.

Дар натиҷа, 250 муҳоҷири узбек ба ватан баргардонида шудааст.

XS
SM
MD
LG