Ссылки доступа

Тирпаронӣ дар Сербистон. 8 кас кушта ва 13 тан захмӣ шудааст


Дар натиҷаи як тирпаронӣ дар деҳаи Дубона дар шаҳраки Младеноватси Сербистон ҳашт кас кушта шудааст, ки дар миёнашон кӯдакон низ ҳастанд.

"Вечерние новости" иттилоъ додааст, ки дар ин ҳодиса 13 каси дигар низ захмӣ шуда, вазъи ҳафт нафар вахим аст.

Ҳодиса шоми 4 май рух додааст. "B92" менависад, ҷавони 21-сола дар саҳни мактаб бо дӯстони худ муноқиша карда, рафта аз хонаашон силоҳи "Калашников"-ро меорад ва тирпаронӣ мекунад. Ӯ сипас ба мошин савор шуда, ба самти одамоне низ оташ мекушояд, ки дар наздикии маҳалли ҳодиса қарор доранд.

Ҳамлагар боздошт шудааст. Беш аз 600 корманди ҳифзи ҳуқуқ дар амалиёти боздошти ӯ иштирок доштанд.

Вазири умури дохилии Сербистон Братислав Гашич ҳодисаро амали террористӣ номид.

XS
SM
MD
LG