Ссылки доступа

Шолтс: силоҳҳои Олмон набояд барои зарба задан ба Русия истифода шаванд


Канцлер Германии Олаф Шольц
Канцлер Германии Олаф Шольц

Украина набояд силоҳҳои Олмонро барои зарба задан ба ҳудуди Русия истифода кунад. Дар ин бора садри аъзами Олмон Олаф Шолтс дар як суханрониаш баён дошт.

Раиси ҳукумати Олмон гуфт, ки чунин талабро кишварҳои дигари Ғарб низ дар пеши Украина гузоштаанд. Ба гуфтаи Шолтс, кӯмак ба Украина муҳим аст, аммо он набояд боиси ташдиди вазъ ва кашонидани пойи НАТО ба ҷанг гардад.

ИМА низ расман гуфт, силоҳҳои амрикоӣ набояд барои зарба задан ба ҳудудҳои аз ҷониби ҷомеаи байналхалқӣ эътирофшудаи Русия истифода гарданд.

Садри аъзами Олмон афзуд, Берлин масъалаи ирсоли аслиҳаро ба Киев танҳо дар мувофиқа бо ҳампаймонон баррасӣ мекунад.

Пештар Шолтс ирсоли ҳавопаймоҳои зарбазанро ба Украина рад кард. Вай гуфт, набояд ба ҷанг шиддат бахшида шавад. Президенти ИМА Ҷо Байден ҳам гуфт, ки ирсоли ҳавопаймоҳои зарбазанро баррасӣ намекунад.

Украина борҳо тазаккур додааст, ки дар сурати дарёфти мушакҳои ATACMS ва ҳавопаймоҳои зарбазан онҳоро барои ҳамла ба ҳудудҳои Русия истифода нахоҳад кард. Аммо Украина намегӯяд, ки Қрим истисно ҳаст ё на.

Москва пештар борҳо огоҳ кардааст, ки дар сурати ҳамла ба Қрим аз ҳама навъи аслиҳаи дар ихтиёр доштааш истифода хоҳад кард.

Кишварҳои НАТО бештар аз 98 дарсади аслиҳаи ваъдагиашонро ба Украина ирсол кардаанд. Дар ин бора дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг хабар дод. "Ин бештар аз 1550 мошини зиреҳпӯш, 230 тонк ва дигар дастгоҳҳо, аз ҷумла теъдоди зиёди тиру тӯпро дар бар мегирад", - гуфт вай.

Мақомоти Русия мегӯянд, бо ирсоли аслиҳа ба Украина НАТО "бо оташ бозӣ мекунад".

XS
SM
MD
LG