Ссылки доступа

Мулоқоти Зеленский бо раҳбарони Олмон


Президент Украины Владимир Зеленский и канцлер Германии Олаф Шольц. Берлин, 14 мая 2023 года
Президент Украины Владимир Зеленский и канцлер Германии Олаф Шольц. Берлин, 14 мая 2023 года

Президенти Украина, Владимир Зеленский, ки бо сафари корӣ ба Олмон рафт, дар Берлин бо ҳамтои олмонии худ Франк -Валтер Штайнмайер мулоқот кард.

Ин мулоқот дар ҳоле сурат гирифт, ки Олмон ахиран эълон кард, ба Украина як бастаи нави кӯмаки низомиро ба маблағи 3 миллиард доллар пешниҳод мекунад.

“Дар мушкилтарин давра дар таърихи Украинаи муосир, Олмон исбот кард, ки дусти воқеӣ ва шарики боэътимод аст. Ӯ бо тамоми ҳастӣ барои дифоъ аз озодӣ ва арзишҳои демократӣ аз мардуми Украина ҷонибдорӣ мекунад. Мо якҷо пирӯз мешавем ва озодиро ба Аврупо бармегардонем" – ин ҳарфҳоро Зеленский дар китоби меҳмонони фахрии қароргоҳи президенти Олмон навишт.

Раисиҷумҳури Украина ҳамчунин бо Олаф Шолтс садри Аъзами Олмон, гуфтушунид кард. Зимни истиқболи Зеленский дар пойтахти Олмон тадобири шадиди амниятӣ ҷорӣ ва ҳаракати нақлиёт манъ шуд.

Президенти Украина шаби шанбе ба якшанбе аз Италия вориди Олмон шуд. Ҳавопаймои ӯро Нерӯҳои ҳавоии Олмон ҳамроҳӣ кардаанд. Қарор аст аз Берлин ӯ ҳамроҳ бо Шолтс ба як шаҳр дар ғарби ин кишвар сафар кунад, ки он ҷо ба презиленти Украина барои саҳмаш дар ваҳдати Аврупо ҷоизаи ба номи Карли Бузургро тақдим хоҳанд кард.

Чанде қабл аз ворид шудани Зеленский ба Олмон, мақомоти ин кишвар эълон карданд, ки ба Украина бастаи нави кӯмакро дар ҳаҷми беш аз 3 миллиард доллар пешниҳод мекунад. Ин баста аз кӯмакҳои низомӣ, аз ҷумла 20 мошини ҷангии Marder, 30 тонки Леопард , 15 тонки зиддиҳавоии Gepard, 200 дрон ё бесарнишинҳои иктишофӣ иборат хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG