Ссылки доступа

Шветсия яке аз мухолифони Эрдуғонро ба Туркия медиҳад


Премьер-министр Швеции Ульф Кристерссон и президент Турции Реджеп Эрдоган
Премьер-министр Швеции Ульф Кристерссон и президент Турции Реджеп Эрдоган

Ҳукумати Шветсия тасмим гирифтааст, ки як ҷонибдори Ҳизби коргари Курдистонро ба Туркия истирдод кунад. Дар Туркия ин ҳизбро террористӣ эътироф кардаанд.

Гап дар бораи шаҳрванди 35-солаи Туркия меравад, ки соли 2013 аз ҷониби додгоҳи Туркия барои содир кардани ҷинояти марбут ба маводи мухадир 4 солу 7 моҳ зиндонӣ шуда буд.

Додгоҳи олии Шветсия рӯзи 30 май қарор қабул кард, ки дар робита ба қонуни истирдод ва Конвенсияи аврупоии ҳуқуқи инсон барои истирдоди ин шаҳрванди Туркия ҳеч монеае вуҷуд надорад.

Дар ҷараёни баҳси додгоҳӣ шаҳрванди Туркия гуфт, ки дархости истирдоди вай танҳо ба ҳимояташ аз Ҳизби коргарии Курдистон марбут аст.

Вай дар додгоҳ гуфт, баъди шартан пеш аз муҳлат аз ҳабс озод шудан Туркияро қонунӣ тарк ва дар Шветсия иҷозаи кор пайдо кардааст.

Шветсия ва ҳамсояаш Финландия баъди ҳамлаи густардаи Русия ба Украина эълом карданд, ки шомили НАТО хоҳанд шуд.

Моҳи апрели соли ҷорӣ Финландия расман узви 31-уми НАТО шуд. Туркия - узви НАТО ба шомилшавии Шветсия ба ин созмон мухолифат дорад. Туркия аз Шветсия талаб дорад, ки нисбати Ҳизби коргарии Курдистон мавқеи шадидтар гирад ва бештар аз 100 фаъоли курдро, ки дар он кишвар паноҳанда ҳастанд, ба Туркия истирдод кунад.

Моҳи майи соли ҷорӣ Шветсия бо ворид кардани тағйирот ба қонунгузориаш ҷазо барои фаъолиятҳои террористиро сахттар кард.

Шветсия талош дорад, ки дар саммити рӯзҳои 11-12 июли НАТО узвияти ин созмонро соҳиб шавад.

XS
SM
MD
LG