Ссылки доступа

Президенти Чин фармони истифодаи "ғайриҳарбӣ"-и артишро имзо кард


Сӣ Ҷинпин
Сӣ Ҷинпин

Президенти Чин Сӣ Ҷинпин фармон дар бораи истифодаи "ғайриҳарбӣ" аз неруҳои мусаллаҳи он кишварро имзо кард.

Ин фармон, ки аз 15 июн ба иҷро медарояд, нигарониҳоеро ба вуҷуд овардааст. Зеро Пекин метавонад зери чатри "амалиёти махсус" ба Тайван ҳамла кунад ва он ҳамчун ҷанг арзёбӣ нашавад, омадааст дар гузориши Радиои Осиёи Озод.

Хабаргузории Синхуа ҳадафҳои фармонро, ки аз 6 боб иборат аст, “ҳифзи соҳибихтиёрии миллӣ, суботи минтақа, танзими ташкил ва баргузории амалиёти осоиштаи низомӣ” номидааст.

Хабари имзои фармон баъди он нашр шуд, ки Владимир Зеленский, президенти Украина дар ҳамоиши амниятии "Муколамаи Шангри-Ла" даъват кард, таҳдиди амалиёти низомӣ дар Тайван аз роҳи дипломатӣ ҳал шавад.

Тайван ҳеҷ гоҳ таҳти назорати Ҳизби коммунистии Чин ё ҷузъи қаламрави он кишвар набуд, аммо Пекин исрор дорад, ки ҷазира як қисми ҷудонашавандаи он аст.

XS
SM
MD
LG