Ссылки доступа

Дар робита ба ҳамлаи "Крокус" як каси дигар боздошт шуд


Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, як нафари дигарро бо гумони даст доштан дар ҳамлаи "Крокус Сити холл" боздошт кардааст.

Ба иддаои кумита, гумонбар гӯиё дар нақшаи сармоягузории ҳамлагарони эҳтимолӣ иштирок доштааст.

Кумита мегӯяд, аз додгоҳ талаб мекунад, ки ӯ низ ҳабс шавад. Ҷузъиёти дигар ифшо карда намешавад.

Кумитаи тафтишотии Русия ҳамчунин афзуда, ки дар бораи иртиботи ҳамлагарон бо миллатгароёни украинӣ далелҳоеро пайдо кардааст.

Ба гуфтаи масъулони кумита, ин далелҳо дар ҷараёни тафтиши дастгоҳҳои техникие, ки аз ҳамлагарон мусодира шуда буд, ба даст омадаанд. Аммо дар ин замина низ ҷузъиёти бештар ифшо карда намешавад.

Ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” шаби 22-юми март рӯй дод.

Гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ масъулияти ҳамларо ба уҳда гирифт, вале президенти Русия Владимир Путин онро ба Украина пайванд дод.

Кумитаи тафтишотии Русия дар бораи боздошти 11 кас гузориш додааст.

Додгоҳи Басманнийи шаҳри Маскав рӯзҳои 24, 25 ва 26-уми март ҳашт нафарро то охири моҳи майи имсол ба ҳабси пешакӣ гирифт. Ҳафт нафари онҳо зодаи Тоҷикистон буда, як нафар аз Қирғизистон аст.

XS
SM
MD
LG