Ссылки доступа

Расонаҳо: Эрон мехоҳад аз Нигерия уран ворид кунад


Нигерско-иранские переговоры
Нигерско-иранские переговоры

Мақомоти Эрон бо низомиҳои Нигерия, ки қудратро дар даст доранд, дар бораи воридоти 300 тонна консентрат ва ё маъдани ғанишудаи уран пинҳонӣ гуфтугӯ мекунанд.

Ин хабар охирҳои моҳи апрели имсол дар нашрияи "Africa Intelligence" нашр шуд ва онро манбаъҳои нашрияи фаронсавии "Le Monde" тасдиқ кардаанд.

Ба гуфтаи манбаъҳо, хадамоти махсуси Фаронса ва ИМА ошкор кардаанд, ки Эрон мехоҳад ба маблағи наздик ба 56 миллион доллар аз Нигерия маъдани уран ворид кунанд.

Бино ба хабарҳо, гуфтугӯи мақомоти Нигерия ва Эрон моҳи феврали соли равон баргузор шудаааст.

Аммо ба гуфтаи мақомоти Нигерия, то ҳол дар ин замина созише ҳосил нашудааст. Мақомоти Эрон ин хабарро шарҳ намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG