Ҳайатро дабири кулли СПАД Станислав Зас роҳбарӣ мекунад. Дар ин ҳайат намояндагони кишварҳои узв - Русия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон шомил ҳастанд.
Субҳи 14 сентябр вазорати мудофиаи Арманистон аз тирпарронии нави ҷониби Озарбойҷон сӯи шаҳри Ҷермук ва деҳаи Верин Шорж хабар дод. Арам Торосян, сухангӯи вазорати мудофиаи Арманистон гуфт, шуруъ аз соати 8 субҳ ҷониби Озарбойҷон аз тӯпхона ва миномет кор мегирад.
Шаби душанбе ба сешанбеи 12 сентябр неруҳои мусаллаҳи Озарбойҷон ба тирборони шадиди мавқеи марзбонони Арманистон пардохтанд. Ҷониби Арманистон мегӯяд, чанд деҳа зери тирборон мондааст. Наздики 50 низомии Арманистон кушта шудааст. Дар Боку ҳам гуфтанд, ки дар ҳодисаи ахир 50 низомии озарӣ кушта шудааст.
Рӯзи 13 сентябр Илҳом Алиев, президенти Озарбойҷон дар гуфтугӯи телефонӣ бо котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен гуфт, ташаннуҷ вазъ ба далели иғвои ҷониби Арманистон сар задааст.
Блинкен ҳамчунин бо сарвазири Арманистон Никол Пашинян гуфтугӯ кард. Блинкен ваъда кард, ки Вашингтон дар ҳалли сулҳомези масъалаи Бокуву Ереван кӯмак мекунад.
Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ ҷонибҳоро ба гуфтугӯ даъват кард.
Охири соли 2020 миёни Арманистону Озарбойҷон атрофи минтақаи Қарабоғи Куҳӣ низоъ бархост. Баъди 44 рӯзи низоъ Боку ва Ереван бо миёнаравии Москва созишномаи қатъи низоъро имзо карданд.