Ссылки доступа

Муассиси Telegram гуфт, "даҳҳо ҳазор" саҳифаеро бастааст, ки ба теракт даъват мекарданд


Павел Дуров
Павел Дуров

Павел Дуров, муассиси паёмрасони Telegram гуфт, "даҳҳо ҳазор" саҳифаеро бастааст, ки дар чанд рӯзи ахир ба содир кардани теракт даъват мекарданд.

Ба гуфтаи вай, ҳисоби чандин ҳазор корбар баста шудааст.

"4 рӯз пеш корбарони русзабони Telegram аз дарёфти паёмакҳои ба теракт даъваткунанда аз афроди ношинос шикоят карданд. Давоми як соати баъди дарёфти ин шикоятҳо мо чораҷӯӣ ва аз ирсоли чунин паёмакҳо пешгирӣ кардем", - навишт Дуров.

Вай гуфт, шуруъ аз ҳафтаи оянда корбарон аз Русия, Украина ва Белорус метавонанд, доираи касонеро маҳдуд кунанд, ки ба онҳо паёмак мефиристанд.

Пештар расонаҳои Русия навиштанд, баъди теракт дар "Крокус Сити ҳолл"-и Маскав, ки бештар аз 140 кас кушта шуд, корбарони Telegram барои содир кардани терактҳои нав пешниҳод мегиранд. Ба илова, расонаҳо навиштанд, ки гумонбарони теракти мазкур тавассути Telegram пешниҳоди содир кардани ин амалро дарёфт кардаанд.

XS
SM
MD
LG