Ин нукта дар гузориши хадамоти махсуси се кишвар зикр шуда, бино ба фарзияи онҳо, рахнагарн ба нафъи барномаҳои ҳастаии Пхенян кор мекунанд.
Муаллифони гузориш гуфтаанд, рахнагарон талош кардаанд, ба низоми компютерии ширкатҳои зиёде, ки бо бахши дифои кишварҳо, аз ҷумла истеҳсолкунандагони тонк, киштиҳои зериобӣ, ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва низомҳои мушакӣ ҳамкорӣ мекунанд, дастрасӣ пайдо кунанд.
Бюрои федеролии тафтишотиву Оҷонси амнияти миллии ИМА, Маркази амнияти киберии Бритониё ва хадамоти иктишофии Кореяи Ҷанубӣ ҳушдор додаанд, ки хатарҳо коҳиш наёфтаанд ва эҳтимол меравад, ба ширкатҳои Ҳиндустон ва Ҷопон низ ҳамлаҳои ҳакерӣ сурат гирад.
Аз ин гузориш бармеояд, рахнагарон ба низоми компютерии баъзе аз ширкатҳо дастрасӣ пайдо кардаанд, вале маълум нест, ки маълумоти махфиеро дастрас кардаанд, ё не.