Ссылки доступа

ИМА 40 ходими пулиси Чинро дар таъқиби дигарандешон айбдор кард


Департаменти адлияи ИМА 40 корманди пулиси Чинро дар таъқиби ғайриқонунии фаъолони сиёсии чинӣ айбдор кард, ки дар хориҷ аз он кишвар, аз ҷумла ИМА зиндагӣ доранд.

Ниҳоди мазкур гуфт, шабакаи таъқибсозие мавҷуд аст, ки бо кӯмаки он мақомоти Чин дигарандешонеро таъқиб мекунанд, ки бо сиёсатҳои Чин розӣ нестанд.

Тафтишот мегӯяд, пулис дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои дурӯғин таъсис дода, тавассути онҳо дигарандешони чиниеро бадном месозад, ки дар хориҷ зиндагӣ мекунанд. Бархе аз кормандони пулиси Чин бо бархе аз ходимони ширкатҳои радиотелевизионии ИМА забон ёфта, дигарандешони чиниро аз дастрасӣ ба минбари расонаҳо маҳрум кардаанд. Ҳамчунин шабакаи пулиси Чин барез аз шаҳрвандони ИМА-ро барои ҷосусӣ ҷалб кардааст.

Бреон Пис, намояндаи пулиси Ню-Йорки ИМА гуфт, 34 айбдоршаванда корманди Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин ҳастанд ва ба "гуруҳи кории тарҳи махсуси 92" - ниҳоди мақомоти махсуси чинӣ тааллуқ доранд. Ин ниҳод ба таъқиби мухолифони чинӣ дар кишварҳои хориҷ машғул аст.

Рӯзи душанбе дар ИМА ҳамчунин ду тани дигар боздошт шуданд, ки дар ташкили шуъбаи махфии пулиси Чин дар Ню-Йорк айбдор мешаванд.

Пештар ҳомиёни ҳуқуқ гуфта буданд, мақомоти махсуси Чин шабакаи намояндагии нимарасмии пулисро ҳадди ақал дар 53 кишвар ба роҳ мондаанд. Ин шабака ба таъқиби шаҳрвандони чиние машғул аст, ки дар хориҷ зиндагӣ мекунанд. Шабакаи мазкур дар бархе ҳолат ба бадномсозӣ ва бозгардонии онҳо ба Чин машғул мешавад.

Мақомоти расмии Пекин мавҷудияти чунин шабакаро рад намекунанд, аммо мегӯянд, шабакаи мазкур танҳо ба кӯмаки шаҳрвандони чиние машғул аст, ки дар хориҷ зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG