Ба гуфтаи вай, тонкҳои "Абрамс" бояд ибтидои тирамоҳ ба Украина расанд.
"Акнун онҳоро бояд ба Аврупо ва аз онҷо ҳамроҳи муҳимоти ҷангӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, сӯзишвориашон ба Украина расонид. Яъне, инҳо танҳо тонк нестанд, балки бастаи муккамале ҳастанд", - гуфт Буш.
Маълум нест, ки дар навбати аввал ИМА чанд тонки навъи "Абрамс" ба Украина ирсол мекунад. Пештар расонаҳо навишта буданд, ки мумкин аст, бастаи аввал аз 6 то 8 тонкро дар бар гирад.
Дар маҷмуъ ИМА тасмим дорад, ба Украина 31 "Абрамс" ирсол кунад. Ҳамзамон низомиёни украин дар Олмон идораи ин навъи тонкҳоро меомӯзанд. Омӯзиши низомиён моҳи ҷорӣ бояд ба поён расад.