Ссылки доступа

Президенти ИМА аз ирсоли тонкҳои амрикоӣ ба Украина хабар дод


ИМА ба артиши Украина 31 тонки навъи М1 "Абрамс"-и истеҳсоли Амрико ирсол мекунад. Эҳтимол дорад, раванди ирсоли тонкҳо чанд моҳро дар бар гирад. Дар ин бора Ҷо Байден, президенти ИМА рӯзи 25 январ хабар дод.

Байден гуфт, субҳи рӯзи чаҳоршанбе бо роҳбарони Олмон, Бритониё, Фаронса ва Италия суҳбат кардааст. Ин роҳбарон гуфтаанд, дар расонидани кӯмак ба Украина иттиҳодро идома медиҳанд. Онҳо ҳамчунин гуфтаанд, ки Украина ба аслиҳаи вазнин ниёз дорад, зеро ҷанг хосияти давомдорро касб мекунад.

ИМА ҳамчунин истифодаи идораи тонкҳоеро ба низомиҳои украин меомӯзонад, ки кишварҳои узви НАТО ба Украина ирсол хоҳанд кард.

Байден барои тасмими ирсоли тонкҳои навъи "Леопард" ба Украина аз Олмон ва дигар кишварҳо сипосгузорӣ кард. Байден гуфт, дар маҷмуъ 50 кишвар ба Украина кӯмаки низомӣ мерасонанд.

Президенти ИМА афзуд, талоши кишварҳои ҳампаймон барои Русия хатаре эҷод намекунад. Ҳадафи онҳо - танҳо манъи хушунати Русия дар Украина аст ва онҳо дар ин самт "устувор хоҳанд буд", гуфт Байден.

XS
SM
MD
LG