Ссылки доступа

ИМА бастаи нави кӯмакҳои низомиро дар ҳаҷми $775 млн ба Украина мефиристад


Украинские военнослужащие с противотанковым комплексом "Джавелин"
Украинские военнослужащие с противотанковым комплексом "Джавелин"

ИМА тасмим дорад, бастаи нави кӯмакҳои низомиро ба Украина фиристад, гуфт як намояндаи Пентагон. Ҳаҷмии умумии кӯмак ба 775 млн доллар мерасад.

Ин кӯмакҳо, аз ҷумла, аз 16 тӯпхона, 15 адад бесарнишини иктишофӣ, 40 адад зиреҳпӯш, 1000 адад маҷмаи зиддитонкии "Ҷавелин" ва таслиҳоти дигар иборат хоҳад буд.

Ба ин тартиб, маҷмуи кӯмаки низомии ИМА ба Украина аз оғози ҷанги Русия зидди Украина, ба 10,6 млрд доллар мерасад.

Ҳамлаи низомии Русия ба Украина 24 феврали соли ҷорӣ шуруъ шуд ва инак шаш моҳ аст, ки давом дорад. Айни замон артиши Русия қисме аз вилоятҳои Донетск, Луганск ва Херсону Запорожеро ғасб кардааст. Коршиносони низомӣ мегӯянд, вазъ дар хатти ҷанг оромтар шудааст: зеро, ба бовари онҳо, ҳеч кадом аз тарафҳо захираи кофӣ барои ҳамла надоранд.

Мақомоти Русия ирсоли аслиҳаи ғарбиро ба Украина танқид ва таҳдиди авҷ гирифтани ҷангро мекунанд. Дар вазорати корҳои хориҷии Русия гуфтанд, дар сурати ирсоли аслиҳаи ғарбӣ ба Украина, ҳамлаи мусаллаҳонаи Русия аз ҷиҳати ҷуғрофӣ густардатар хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG