Ссылки доступа

ИМА қарори ҳабси сарвазири дифои Исроилро танқид кард


Президенти ИМА Ҷо Байден қарори додситони Додгоҳи байналмилалии ҷурму ҷинояти СММ-ро, ки хост, сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ва вазири дифои ин кишвар Йоав Галант бо се раҳбари ҲАМОС ҳабс шаванд, нафратовар хонд.

Изҳороти президенти ИМА дар ин бора дар сомонаи Кохи сафед нашр шудааст.

Байден гуфтааст, "миёни Исроил ва Ҳамос ҳеч гуна нишонаи баробарӣ вуҷуд надорад. Мо дар канори Исроил дар муқобили таҳдидҳо ба амнияти он ҳамеша ҳастем".

Вазири корҳои хориҷии ИМА Энтони Блинкен қарори додситон Карим Хонро дар бораи баробар донистани Исроил ва Ҳамос, ки дар Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ эълом шудааст, шармовар номидааст. Блинкен афзуда, ки Додгоҳи байналмилалии ҷурму ҷиноят салоҳияти лозимиро дар ҷанги Исроил бо Ҳамос надорад. Ба гуфтаи ӯ, гӯиё ин қарор ҳеч гуна нафъеро дар пай надорад ва гуфтугӯҳо барои қатъи даргириҳо дар навори Ғаззаро зери хатар мегузорад.

Қарор аст, имрӯз Додгоҳи байналмилалии ҷурму ҷиноят дархости додситон Карим Хонро барои ҳабси афроди мазкур баррасӣ кунад. Карим Хон гуфтааст, ки ин афрод дар ҳамла ба Исроил ва дар ҳамлаи ҷавобӣ ба навори Ғазза ҷинояти ҷангӣ содир кардаанд.

ИМА ва Исроил Додгоҳи байналмилалии ҷурму ҷиноятро эътироф намекунанд.

XS
SM
MD
LG