Ин ҳукмро Эйлин Кэннон, номзаде, ки қаблан худи Доналд Трамп пешниҳод карда буд, содир кардааст. Додрас гуфтааст, додситони махсус Ҷек Смит ғайриқонунӣ таъйин шуда буд ва ӯ ҳаққи раҳбарии тафтишотро надошт.
Смитро Додситони кулли ИМА Меррик Гарланд таъйин карда буд. Додрас гуфт, таъйини мансабдорони воломақоми федеролӣ салоҳияти президент ва Сенат аст.
Ҳамчунин дафтари додситони махсус аз сӯи буҷа ғайриқонунӣ маблағгузорӣ шудааст.
Расонаҳо моҳи июни соли гузашта хабар дода буданд, ки алайҳи Трамп ба гумони нигаҳдории ғайриқонунии санадҳои махфӣ парвандаи нав боз шудааст.