Ссылки доступа

Амрико барои Украина беш аз $700 млн ҷудо мекунад


Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Киев гуфт, кишвараш барои барқарорсозии низоми энергетикӣ ва дастгирии башардӯстонаи Украина беш аз 700 миллион доллар ҷудо мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, Амрико барои барқарор сохтани низоми энержии Украина 325 млн доллар ҷудо мекунад ва ин масъала дар вохӯрии намояндагони "Ҳафтгонаи бузург" низ баррасӣ хоҳад шуд.

Ҳамчунин барои дастгирии башардӯстонаи Украина, аз ҷумла таъмини оби нушокӣ, маводи ғизоӣ ва дору 290 миллион доллари дигар равона карда мешавад. Амрико барои поккории минаҳо низ 102 миллион доллар ҷудо мекунад.

Вазири корҳои хориҷии Амрико рӯзи 11-уми сентябр ҳамроҳ бо ҳамтои бритониёиаш Дэвид Лемми ба Киев рафтанд. Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ҳадаф аз ин сафар нишон додани дастгирии ин кишвар аз Украина мебошад.

Чанд моҳ аст, ки Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина аз кишварҳои ғарбӣ даъват дорад, маҳдудиятҳо барои истифодаи силоҳҳои худро бардоранд. Киев мехоҳад бо силоҳҳои гирифтааш аз кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла мушак ба дохили Русия зарба занад. Аммо бархе кишварҳои Аврупо ва ИМА барои бадтар нашудани вазъ ба ин талаби Киев розигӣ надоданд.

Президенти ИМА Ҷо Байден 10-уми сентябр хабар дод, ки Кохи Сафед роҳҳои лағви маҳдудиятҳо барои Украинаро баррасӣ дорад. Аммо Байден дар ин бора ҷузъиёте надод.

XS
SM
MD
LG