Ссылки доступа

ИМА неруҳояшро дар Аврупо бештар ва дар Лаҳистон ситод таъсис медиҳад


Ҷо Байден, президенти ИМА рӯзи чаҳоршанбе дар саммити НАТО дар Мадрид гуфт, дар посух ба хатарҳое, ки аз сӯи Русия мерасанд, ИМА неруҳои иловагии хушкигард, ҳавоӣ ва баҳриашро дар тамоми Аврупо ҷойгир месозад, инчунин дар Лаҳистон ситоди доимӣ таъсис медиҳад.

Ин тасмим дар пайи ҷанг дар Украина гирифта шудааст.

Киштиҳои низомии нави Амрико ба Испания, ҳавопаймоҳои ҷангӣ ба Бритониё, неруҳои хушкигард ба Руминия, низомҳои зиддимушакӣ ба Олмон ва Италия ва дигар неруҳо ба кишварҳои соҳили Балтик фиристода мешаванд, гуфт Байден. Вай илова кард, ки ҳамаи ин ба хотири тақвияти бехатарии минтақа баъди ҳамлаи Русия ба Украина ва барои ҳифзи "ҳар ваҷаб"-и қаламрави НАТО аст.

Айни замон дар Аврупо наздики 100 ҳазор неруи низомии ИМА ҳузур дорад, баъди ҳамлаи Русия ба Украина теъдоди онҳо бештар аз 20 ҳазори дигар афзуда шуд. Ҳоло маълум нест, ки дар доираи тасмими нав чи теъдоди дигар аз неруҳои ИМА ба Аврупо фиристода хоҳад шуд.

Сергей Рябков, мувоини вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, Вашингтон "имкони фирор аз сенариёи афзоиши ташаннуҷро аз даст додааст". Рябков ҳамзамон бо "чораҳои ҷубронсоз"-е таҳдид кард, ки ба гуфтааш "амниятро сад дарсад таъмин мекунанд".

XS
SM
MD
LG