Ссылки доступа

ИМА дубора амрикоиҳоро ба тарки Русия даъват кард


Сафорати ИМА дар Москва ба амрикоиҳои муқими Русия ва ё дар ин кишвар ҳузурдошта тавсия додааст, ки "фавран" Русияро тарк кунанд. Дар ин бора сомонаи сафорат хабар медиҳад.

Сафорат гуфтааст, ба далели "пешгӯинашаванда будани оқибати ҳамлаи Русия ба Украина" ба шаҳрвандони ИМА чунин тавсия додааст. Ба иттилои сафорат, ҳамчунин эҳтимоли таъқиби шаҳрвандони ИМА аз сӯи мақомоти Русия, эҳтимоли маҳдуд шудани равуо байни ду кишвар, эҳтимоли коҳиши кӯмаки сафорати ИМА ба шаҳрвандони амрикоии муқими Русия мавҷуд аст. Ба шаҳрвандони ИМА ҳамчунин тавсия дода шудааст, ки ба Русия сафар накунанд.

Дар огоҳии сафорати ИМА ҳамчунин омадааст, ки моҳи сентябри соли 2022 дар Русия сафарбарсозии низомӣ эълом шуд ва мақомоти Русия метавонанд, афроди дорои душаҳрвандӣ - ИМА ва Русияро, сарфи назар аз доштани шаҳрвандии ИМА, ба артиш ҷалб кунанд.

Соли гузашта сафорати ИМА ду бор аз шаҳрвандони он кишвар даъват карда буд, ки "фавран Русияро тарк кунанд" - бори аввал 28 феврал, баъди чанд рӯзи шуруъи ҳамлаи Русия ба Украина ва бори дувум 28 сентяб, баъди оғози маъракаи сафарбарсозии низомӣ.

Роҳбари Хадамоти иктишофи хориҷии Русия Сергей Наришкин рӯзи душанбе ИМА-ро дар ҷалби ҷангҷӯён аз Шарқи Наздик барои содир кардани терактҳо дар Русия ва кишварҳои ИДМ айбдор кард. ИМА ин ҳарфҳои Наришкинро ҳанӯз шарҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG