Ссылки доступа

ИМА ба Украина дар ҳаҷми $1,85 млрд кумаки низомӣ мекунад


Котиби давлатии ИМА Энтонӣ Блинкен 21 декабр гуфт, кумаки нави низомии Вашингтон барои Киев дар ҳаҷми $1,85 миллиард доллар низоми зиддимушакии "Patriot" ва бомбҳои "ҳушманд"-и ҳавопаймоии "JDAM"-ро ҳам дар бармегирад.

Блинкен шарҳ дод, ки бастаи нави кумакҳои низомии ИМА ба Украина аз ду қисм иборат аст. Қисмати аввал ба маблағи 1 миллиард доллар ва қисмати дувум дар ҳаҷми 850 млн доллари амрикоӣ хоҳад буд.

"Бастаи кумакҳои имрӯза бори нахуст низоми зиддимушакии "Patriot"-ро дар бармегирад, ки қодир аст мушакҳои болдор, баллистикии кутоҳпарвоз ва ҳавопаймоҳоро дар масофаи хеле баланд сарнагун созад", - изҳор дошт ӯ.

Ба гуфтаи Блинкен, бастаи нави кумакҳо ҳамчунин аз "муҳимоти ҷангие иборат аст, ки Украина метавонад барои дифоъ аз худ дар ҷанг ба таври муассир истифода кунад".

Раисиҷумҳури Амрико рӯзи 21-уми декабр ҳангоми вохӯрӣ бо ҳамтои украинияш, Владимир Зеленский, дар Вашингтон ба идомаи кумакҳои низомӣ, молӣ ва башардӯстонаи Иёлоти Муттаҳида ба Украина таъкид кард. Ӯ хитоб ба Зеленский гуфт: "Дар канори Шумо будан мояи ифтихор аст."

Ин сафари аввалини хориҷии Зеленский аз замони ҳамлаи низомии Русия ба хоки Украина тайи даҳ моҳи охир аст.​

XS
SM
MD
LG