Ссылки доступа

Таҳримҳои Амрико барои кумак дар интиқоли силоҳ аз Куриёи Шимолӣ ба Русия


ИМА зидди ду русиягӣ ва се ширкати русӣ барои мусоидат дар хариду фурӯши силоҳ миёни Русия ва Куриёи Шимолӣ таҳрим эълом кардааст.

Ба иттилои Вазорати молияи Амрико, молики ширкати «Рафорт» Рафаэл Газарян ва соҳиби ширкати «Технология» Алексей Буднев ба рӯйхати таҳримшудаҳо шомил шудаанд. Ширкатҳои онҳо низ ҳамроҳи ширкати «Транс-Капитал» таҳти таҳрим қарор гирифтаанд.

Вазорати молияи Амрико дар шарҳи қарори худ гуфтааст, Газарян бо шаҳрванди Словакия Ашот Мкртичев, ки моҳи марти соли гузашта барои кушиши мусоидат дар хариду фурӯши силоҳ миёни Русия ва Куриёи Шимолӣ мавриди таҳрим қарор гирифта буд, ҳамкорӣ мекард.

Газарян давоми соли 2023 бо шаҳрванди Словакия ҳамкорӣ карда, барои дастрас кардани силоҳ ба тоҷирони Куриёи Шимолӣ аз ширкати "Транс Капитал" истифода кардааст.

Буднев дар интиқоли дастгоҳҳои мухобиротии низомӣ, ки эҳтимол дар Куриёи Шимолӣ истеҳсол шудаанд, ба Русия кумак кардааст.

XS
SM
MD
LG