Ссылки доступа

ИМА дар ҳаҷми $325 млн ба Украина кӯмаки нави низомӣ ирсол мекунад


Боевые машины Bradley
Боевые машины Bradley

ИМА дар бораи бастаи нави кӯмаки низомӣ дар ҳаҷми 325 млн доллар барои Украина хабар дод. Ин 40-умин бастаи кӯмаки низомии ИМА ба Украина аст.

Дар бастаи нав аслиҳаву техникаи зерин шомил мешавад:

  • Таслиҳоти иловагӣ барои маҷмаи мушакии NASAMS;
  • Маҷмаи мушакии Stinger;
  • Таслиҳоти иловагӣ барои тӯпхонаи HIMARS;
  • Тирҳои 155-мм ва 105-мм;
  • 15 зиреҳпӯши Bradley;
  • 10 транспортери Stryker;
  • Низоми зиддитонкии Javelin;
  • Мушакҳои зиддитонкии TOW;
  • Бештар аз 22 млн тир барои аслиҳаи оташфишон ва норинҷак ва ғайра.

Аз ибтидои ҳамлаи Русия ба Украина ҳаҷми умумии кӯмаки амрикоӣ ба Украина ба наздики 40 млрд доллар расидааст.

"Русия ин ҷанги бедалелро зидди Украина шуруъ кардааст. Русия ҳар лаҳза метавонад, бо берун бурдани артишаш аз хоки Украина ба ин ҷанг хотима бахшад. То замоне, ки Русия ин корро намекунад, ИМА ва ҳампаймононаш ҳар чи қадаре зарур шавад бо Украина муттаҳид боқӣ мемонанд", - гуфт котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен.

XS
SM
MD
LG