Сомонаи Вазорати дифои Амрико хабар додааст, ки бастаи нави кумакҳо ба Украина аз дастгоҳҳои иловагии низоми зиддиҳавоӣ ва лавозимоти ҷангӣ иборат хоҳад буд.
Бино ба навиштаи "The Washington Post", Вазорати дифои Бритониё барои додани мушакҳое ба Украина алоқаманд аст, ки то 300 километр парвоз мекунанд. Аммо ба гуфтаи як мансабдори бритониёӣ, дар ин замина ҳанӯз тасмими ниҳоӣ гирифта нашудааст. Ӯ ҳамчунин навъ ва миқдори мушакҳоеро, ки ба Украина дода мешаванд, ошкор накардааст.
Украина дербоз аз кишварҳои ғарбӣ мушакҳои дурпарвоз дархост мекунад. Ба гуфтаи мақомоти украинӣ, ин навъи силоҳ равиши ҷангро тағйир медиҳад. Зеро Киев бо онҳо марказҳои фармондеҳии Русия, анборҳои аслиҳа дар нимҷазираи ишғолии Қримро ҳадаф қарор хоҳад дод.
Русия 24 феврали соли 2022 ба Украина ҳамла кард. Кишварҳои НАТО аз он замон то ба ҳол ба Киев ба маблағи миллиардҳо доллар кумаки низомӣ ва молӣ кардаанд.