Ссылки доступа

ИМА дар ҳаҷми $325 млн ба Украина кӯмаки нави низомӣ ҷудо мекунад


Президенты Украины и США Владимир Зеленский и Джо Байден, декабрь 2022
Президенты Украины и США Владимир Зеленский и Джо Байден, декабрь 2022

Ҷо Байден, президенти ИМА гуфт, барои Украина дар ҳаҷми 325 млн доллар кӯмаки нави низомӣ ҷудо мекунанд. Дар ин бора хадамоти матбуотии Кохи сафеди ИМА хабар дод.

Дар бастаи нави кӯмакҳо муҳимоти ҷангӣ барои низоми тӯпхонаии HIMARS, гулӯлаҳои тӯпхонаӣ, минаҳои зиддитонкӣ, тир барои аслиҳаи оташфишон ва дигар муҳимот шомил мешавад. Ба илова, қисме аз ин маблағ барои тамрини низомиҳои украин харҷ мешавад.

Аз ибтидои ҳамлаи густардаи Русия ба Украина, охири моҳи феврали соли 2022, то ин замон ҳаҷми умумии кӯмакҳои ИМА ба Киев дар бахши низомӣ ба бештар аз 35 млрд доллар расидааст. Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, омодаанд, ки Украинаро ҳар чӣ қадар зарур шавад, кӯмак кунанд.

XS
SM
MD
LG