Ссылки доступа

ИМА бастаи нави кӯмаки низомиро дар ҳаҷми $2,6 млрд барои Украина ҷудо мекунад


ИМА рӯзи 4 апрел хабар дод, ки барои Украина бастаи нави кӯмаки низомиро дар ҳаҷми 2,6 млрд доллар ҷудо месозад.

Дар вазорати мудофиаи Амрико гуфтанд, дар бастаи нав муҳимоти зиёди ҷангӣ барои низоми мушакии HIMARS, инчунин гулӯлаҳои одии тӯпхонаӣ шомил мешавад.

Кӯмаки фаврӣ ҳамчунин низоми зиддитонкӣ, нақлиёт барои интиқоли дастгоҳҳои калонҳаҷм ва ғайра дорад. Кӯмаки охир ба хотири он аст, ки артиши Украина ба ҳамлаи зидди артиши Русия омода мешавад, навиштааст хабаргузории Associated Press.

Аз ибтидои ҳамлаи густардаи Русия ба Украина, аз охири моҳи феврали соли 2022, ҳаҷми кӯмакҳои ИМА ба Украина дар бахши низомӣ ба бештар аз 35 млрд доллар расидааст. Мақомоти ИМА мегӯянд, ҳозиранд, ба Украина ҳар чӣ қадаре, ки лозим шавад кӯмак расонанд.

XS
SM
MD
LG