Кохи Сафед ҳамларо даҳшатбор номида, гуфтааст, Амрико пойбанди уҳдадориҳои худ дар бораи ҳимоят аз Исроил ва таъмини амнияти он мемонад. Аммо дар изҳорот гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон дар иҷрои ҳамла мустақиман гунаҳкор нашудааст. Ҳарчанд Исроил ҳамларо кори гуруҳ меномад.
"Ҳизбуллоҳ" даст доштани худ дар ҳамлаи мазкурро, ки 12 кушта барҷой гузоштааст, рад мекунад. Чанд мансабдори амрикоӣ ба шарти ифшо нашудани номашон ба хабаргузории "AP" гуфтаанд, ки ҳамларо "Ҳизбуллоҳ" анҷом додааст, вале барояшон номаълум аст, ки мушакборон кардани минтақаи аҳолинишин барқасдона буд ё иштибоҳӣ.
Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен дар ҷараёни сафараш ба Ҷопон гуфт, ҳамаи делелҳо нишон медиҳанд, ки ҳамларо "Ҳизбуллоҳ" анҷом додааст.
Ба гуфтаи мақомоти Исроил, "Ҳизбуллоҳ" рӯзи 27-уми июл ба ин минтақаи зери назорати он кишвар мушак сар дода, дар натиҷа 11 кудаку наврас кушта шудаанд.
Баландиҳои Ҷулон аз соли 1967 таҳти назорати Исроил аст. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чанд сол пеш онро қаламрави Исроил эътироф кард, вале баъзе аз кишварҳо ҳудуди Сурия медонанд.