Хабаргузории "Reuters" бо такя ба ду дипломати аврупоӣ дар ин бора хабар додааст. Интизор меравад, ин уҳдадорӣ ҳафтаи оянда дар саммити НАТО дар Вашингтон тасдиқ шавад.
Қаблан дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг аз кишварҳои ҳампаймон даъват карда буд, барои кумаки низомии Украина уҳдадориҳоро дар сатҳи баъди оғози ҷанг нигаҳ доранд, ки солона 40 миллиард евроро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи манбаи хабаргузорӣ, кишварҳои НАТО аз ин пешниҳод ҷонибдорӣ накардаанд, вале ба созиш расидаанд, ки ҳаҷми пардохтҳоро дар саммитҳои оянда баррасӣ кунанд.