Ба огаҳии хадамоти матбуотии додгоҳ, зидди молики ширкат бар асоси моддаи "хидматрасоние, ки ба бехатарӣ ҷавобгӯ нест" парванда боз шудааст.
Автобуси ширкати "Таксӣ" 10 май ба дарёи Мойкаи шаҳри Санкт-Петербурги Русия афтод. Ронандаи он – Раҳматшоҳ Қурбонови 44-сола, зодаи Тоҷикистон ва шаҳрванди Русия - гумонбари асосии фоҷеа дар пурсиши аввалия гуфтааст, ки тормози мошин аз кор баромад.
Додгоҳи Октябр рӯзи 12-уми май дастур дод, ки Қурбоновро то 9-уми июл ва то поёни таҳқиқи парванда ба ҳабс гиранд. Ҳарчанд вакилони дифоаш аз додгоҳ хоста буданд, ки то поёни таҳқиқи парвандааш ӯро аз боздоштгоҳ ба ҳабси хонагӣ гузаронад.
Дар натиҷаи ба дарё афтодани автобус 7 мусофир ҷон бохтааст. Ду мусофири дигар дар ҳолати вазнин дар бемористон ҳастанд.
Ба нақли ҳамсараш, Раҳматшоҳ Қурбонов як рӯз пеш аз ҳодиса 20 соат кор кард, вале раҳбараш баъди ҳамагӣ панҷ соати истироҳат дубора ӯро ба кор хонд.
Тафтишот тасдиқ мекунад, ки ба Раҳматшоҳ Қурбонов дар муддати чанд рӯз шароити кору истироҳати зарурӣ фароҳам нашудааст.
Аммо ин ягона иттиҳоми зидди Раҳматшоҳ Қурбонов нест. Кумитаи тафтишотии Русия ӯро ба он муттаҳам кардааст, ки як сол пеш дар ивази пул даҳ муҳоҷирро дар хонааш ғайриқоннуӣ номнавис карда буд.