Усмонов чанд рӯз баъд аз ҳамлаи густардаи Русия ба Украина, дар моҳи марти соли 2022 шомили таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо гардида буд. Дар Иттиҳоди Аврупо гуфтанд, Усмонов бо президенти Русия Владимир Путин "робитаи наздик дорад" ва "аз нооромиҳо дар Украина фаъолона ҳимоят мекунад". Усмонов дар навбати худ мегӯяд, танҳо ба далели сарвати зиёдаш ӯро шомили таҳримҳо кардаанд ва вай ҳеч робитаи хосе бо Путин надорад ва дар тасмимгириҳои сиёсии мақомоти Русия низ таъсир намерасонад.
Алишер Усмонови узбектабор ва шаҳрванди Русия яке аз сарватмандтарин афроди дунё аст. Вай ва чанд узви хонаводааш шомили таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо, ИМА ва дигар кишварҳои Ғарбу Украина шудаанд. Дороии ӯро маҷаллаи Forbes дар ҳаҷми 14,4 млрд доллар баҳо гузошта буд. Баъди шомили таҳримҳо шудан дороияш, ба навиштаи маҷалла, ба 11,5 доллар пойин омадааст.