Додгоҳ ин ҳукмро бар он асоснок сохт, ки Трамп ба ҳодисаҳои 6 январи соли 2021 даст дорад. Он замон тӯдаи тарафдорони Трамп вориди бинои Конгресс шуданд ва ҳадаф доштанд, ки маросими тасдиқи натиҷаҳои интихоботро барҳам зананд. Дар интихоботе, ки президенти кунунии ИМА Ҷо Байден пирӯз шуда буд.
"Трамп хушунат ва иқдоми ғайриқонуниро таҳрик ва ҳимоят кардааст, ки ҳадафи он хушунату иқдом барҳам задани раванди интиқоли мусолиматомези қудрат буд", - омадааст дар қарори додгоҳ. Трамп то 4 январ ҳақ дорад, ки аз болои ин қарор шикоят барад.
Намояндагони ситоди интихоботии Трамп гуфтанд, тасмим доранд, ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят баранд ва ин қарорро бекор созанд.